Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сайёҳон курсҳои омўзишӣ доир шуданд

Октябрь 25, 2022 16:09

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои донишҷўён ва кормандони ширкатҳои сайёҳӣ дар мавзўи хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон курсҳои кутоҳмудати омузишӣ ба роҳ монда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар оғози курсҳои омўзишӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Баҳром Аҳмадзода иштирок намуданд.

«Дар ВМКБ 49 ширкати сайёҳӣ, 164 меҳмонсарой ва 33 меҳмонхонаи хурду миёна фаъолият менамоянд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 шумораи сайёҳони хориҷии ба вилоят воридшуда 6259 нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4718 нафар ё 4 баробар зиёдтар мебошад»,- иттилоъ дод Ғолиб Ниятбеков дар ҳамоиш.

Баҳром Аҳмадзода иброз дошт, ки баргузор намудани курсҳои омўзишӣ дар мавзўи хизматрасонӣ ба сайёҳон барои донишҷўён ва кормандони ширкатҳои сайёҳӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад.

“Зеро сол то сол шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки рағбати сайру сайёҳат дар Бадахшонро доранд, меафзояд. Ташкили бештари чунин курсҳои омўзишӣ барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон, инчунин воридшавии зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба вилоят мусоидат менамояд»,- тазаккур дод Баҳром Аҳмадзода.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Октябрь 25, 2022 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд