Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон — Меҳргонро дар сатҳи баланд таҷлил кард

Октябрь 15, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 14 октябр ҷашни куҳанбунёди тоҷикон — Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Донишкадаи мазкур хабар медиҳад.

Нахуст роҳбарияти донишкада аз дастархони идонаи факултетҳо, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ буд, боздид намуданд.

Ректори Донишкада Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки “Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем”.

Дар идома муаллимаи калони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Наргис Сафарова дар бораи таърихи ҷашни Меҳргон зикр кард, ки гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод гардид.

Акс: ДДЗТ

 

Октябрь 15, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд