Дар Душанбе оид ба саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Октябрь 27, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон–роҳи асосии таъмини рушди устувор» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мазкур хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.

Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки пешниҳоди тарҳи саноатикунонии босуръати кишварамонро Президенти мамлакат дар Паёми моҳи декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буданд. «Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад дар айни замон баҳри татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 якчанд барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароит барои гузариши тадриҷии иқтисодиёти кишварамон ба шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо таъмин гардидааст»,-зикр намуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароит аст, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, вуруди густурдаи мардум, аз ҷумла занон ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамаркуз ба иқтисоди навоварона ва ғайра мебошанд.

Директори Марказ арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили системавии вазъи кунунии саноати ҷумҳурӣ ва таҳқиқи инкишофи равандҳои технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноатро ҳадафи конфронс унвон кард.

АКС: Хадамоти матбуотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд