ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Аввалин гурӯҳи ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хизмати Ватан раҳсипор шуданд

Октябрь 6, 2022 15:45

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Майдони Парчами шаҳри Панҷакент дар Рӯзи даъватшаванда аввалин гурӯҳи ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат гусел карда шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳозиринро бо Рӯзи даъватшаванда ва маросими гусели шермардон ба хидмати ҳарбӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки «хидмат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар ҷавонмард аст. Хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби ватандорию мардонагӣ унвон кардаанд».

Дар ҳамоиш даъватшавандагон изҳор доштанд, ки хизмат ба Ватанро онҳо бо амри дил, ба хотири ҳифзи марзу бум ва осмони осоиштаи мамлакат интихоб кардаанд ва ин барои ҳар ҷавонмард бояд ҳам қарз ва ҳам фарз бошад. Волидони даъватшавандагон, собиқадорони меҳнат ба наваскарон барои хизмати шоиста ва садоқатмандона ба Ватан фотиҳаи нек доданд.

Дар ҳамоиш ба гурӯҳи аввали даъватшавандагон-ихтиёриён ва хатмкардагони мактаби техникии Ҷамъияти ихтиёрии мададгори мудофиа дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Чун анъанаи нек даъватшавандагон луқмае аз нони модарон насиба карданд. Ин нон то бозгаши онҳо дар пешгоҳи хона, пеши назари модарон нигоҳдорӣ мешавад.

Санъаткорони шаҳр барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд ва зери садои мусиқӣ даъватшавандагон бо шӯру шавқ рақсида, шодмонӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Октябрь 6, 2022 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон