ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Суғд маросими гусели 1100 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

Октябрь 7, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Амфитеатри Қасри Арбоби вилояти Суғд маросими тантанавии гусели 1100 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими гусели даъватшавандагон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири мудофиа Абдусаттор Шоҳиён, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон ширкат варзида, ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти мунтазам ба роҳ монда, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳории соли 2022-ро пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро намуд.

Дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш Раиси вилоят ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва боору шуҷоъ изҳори сипос карда, таъкид дошт, ки хизматчиёни вилоят — аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона, саҳмгузорӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷашнҳои саиди дар пешистода, аз ҷумла 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои шоиставу арзандаи хизматӣ истиқбол гирифта, сарҳади Ватанамонро бошарафона ҳимоя менамоянд.

Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барои болидарӯҳии ҷавонон барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ фаъолон ва волидони даъватшавандагон 1100 нафар ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ роҳӣ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 7, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид