Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Фалков мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири илм ва таҳсилоти олии ФР Валерий Фалков баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.
Зимни мулоқот рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, зикр карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкории башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбӣ, инчунин афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Россия








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






