ФУТБОЛ. Дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» барои Ҷоми Тоҷикистон-2022 бо ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин бозиҳо дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд ва дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ноҳияи Рӯдакӣ рақобат карданд. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Бозии дигар дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд. Бозии аввали ин ду даста бидуни гол хотима ёфт.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






