ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар он 74 санади ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки дар таъмини рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон нақши арзанда гузоштанд

Октябрь 25, 2022 16:32

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолият манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт», -зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол муқаддам зимни суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо овардани ин иқтибос матлабашро оғоз намудааст раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода доир ба паҳлуҳои созандаву ҷанбаҳои иқтисодии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сӣ сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд.

Дар зимн андешаҳои мавсуфро доир ба ин иҷлосияи таърихӣ пешниҳоди хонандагон мегардонем.

-Воқеан, ин иҷлосияи муҳими таърихӣ оғози аз вартаи нобудӣ раҳо ёфтан, ба сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид. Дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд барои ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, танзими муносибатҳои ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуданд.

Ба андешаи мо, дар радифи масоили муҳими зикргардида, вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ дар ин иҷлосия- муайян намудани пешомадҳои рушди иқтисодӣ ва халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд.

Маҳз бо ҳамин мақсад, дар иҷлосия қарор қабул карда шуд, ки ягона роҳи баромадан аз мушкилоти иқтисодӣ ва боздоштани пастравии истеҳсолот- ин рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ мебошад. Дар ин робита, қабул намудани як силсила асноди ҳуқуқӣ оид ба гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ минбаъд на танҳо ба раванди бартараф кардани буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуд, балки тадриҷан заминаи асосии пешрафти устувори иқтисодӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки иқтисодиёти мутамаркази дар он давра амалкунанда, ки аз замони шӯравӣ мерос монда буд, ба талаботи сиёсати иқтисодии давраи истиқлол ҷавоб дода наметавонист. Бар замми ин, канда шудани робитаҳои иқтисодию мутамарказ ба коҳиш ёфтани даромади ҷумҳурӣ овард, ки дар натиҷа аз андозаи давраи шӯравӣ се баробар кам шуд. Қариб 70 фоизи корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, дар бозори истеъмолии кишвар норасоии ҷиддии маводи ғизоии мавриди ниёзи аввали мардум ба миён омад.

Дар давраи аввали ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноӣ ба ғорат кардан ва аз қаламрави кишвар бо роҳи ғайриқонунӣ баровардани ашёи хоми стратегӣ, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот ва молу мулк даст мезаданд.

Маҳз бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои номатлуб дар иҷлосия 25 ноябри соли 1992 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки қоидаҳои умумиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба танзим даровард.

Ҳамчунин 27 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи яклухти хариди пахта ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ» қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти воқеан стратегии кишвар нақши муҳим бозид.

Бояд гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо соли 1992 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар нисбат ба соли 1991 зиёда аз 35 фоиз коҳиш ёфта, буҷети давлатӣ барои соли 1993 ҳамчун буҷети фавқулода бо нокифоягии молиявӣ тасдиқ гардид. Инчунин дар ин давра аллакай ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар кам шуда буд.

Дар заминаи қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавии Пешвои миллат ва дастгирии халқи баору номус ба мо муяссар гашт, ки дар давраи кӯтоҳ заминаҳои мустаҳками рушди устувори иқтисодӣ, яъне сохтмони роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ, нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳоро бунёд созем.

Дар соҳаи кишоварзии кишвар ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид. Ин яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлол, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа 75 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим гардид.

Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Маҳз андешидани чунин тадбирҳои муассир боис гаштанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамзамон барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Дар 30 соли таърихӣ ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд. Шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардиданд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Маҳз натиҷаи корҳои анҷомдода ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида буд, ки дар зарфи сӣ сол дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуданд. Ин имкон дод, ки шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардад.

Ҳамчунин дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.

Албатта, рақамҳои мазкур танҳо қатрае аз баҳр мебошанд, ки дастоварду комёбиҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоли моро зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.

Метавон гуфт, ки сароғози кулли муваффақият- ин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо итминони комил дорем, ки ояндаи Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст.

Воқеан саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкими истиқлолияти кишвар ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ басо бузург мебошад.

Ва суханони зерини Пешвои миллат гувоҳи ин гуфтаҳоянд: «Солҳо мегузаранд, наслҳо дигар мешаванд, ба ҷойи падарон фарзандон ба арсаи зиндагӣ ва минбари сиёсат меоянд. Вале номи неки онҳое, ки дар навиштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи навтарини миллат заҳмат кашида, фидокориҳо кардаанд, дар хотираи миллати тоҷик абадан зинда мемонад».

АКС аз сомонаи Маҷлиси намояндагон

Октябрь 25, 2022 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуданд
«КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияи доимии экспертии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид