Илҳом Алиев ба он бовар аст, ки бо сипарӣ намудани роҳи мақсаднок Тоҷикистон минбаъд низ ба самти пешрафт ҳаракат мекунад
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Озарбойҷон дар барқияи шодбошии худ ба муносибати 70-солагии зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи он кас робитаи ногусастанӣ доранд.
Дар барқияи табрикотӣ гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пешвои ҳақиқии кишвари худ эҳтироми самимии миллионҳо ҳамватанони худро касб карда, намунаи дурахшони хизмат ба Ватан ва соҳиби обрӯву эътибори баланд дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
«Бовар дорам, ки дар пайравӣ ба сиёсати мақсадноки Шумо Тоҷикистон минбаъд низ бо роҳи пешрафту таҷдиди ҳамаҷониба дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба сӯйи пеш ҳаракат карда, дар кори рушди давлат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум қуллаҳои навро фатҳ хоҳад кард»,-зикр намуд Илҳом Алиев.
Ба гуфтаи Президенти Озарбойҷон, ин ду кишварро аз даврони қадим риштаҳои амиқи дӯстӣ ва эҳтироми якдигарӣ ба ҳам мепайванданд. «Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо дар такя ба ин анъанаҳои нек минбаъд низ ба хотири шукуфоии мардумони кишварҳои мо тавсеа ва таҳким хоҳанд ёфт. Мехоҳам бахусус таъкид намоям, ки дар Озарбойҷон саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таъмиқи робитаҳои байнидавлатии мо баланд арзёбӣ менамоянд ва ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳоямон аҳамияти хосса медиҳанд»,-изҳор дошт Президенти Озарбойҷон ва ба Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермаcъул бар нафъи мардуми бародари Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






