Имрӯз дар Санкт-Петербург вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин рӯзи ҷумъа, дар 70-солагии зодрӯзи худ дар зодгоҳаш Санкт-Петербург кор мекунад ва дар ин ҷо бо сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ мулоқот менамояд, хабар дод ба рӯзноманигорон рӯзи панҷшанбе, 6 октябр котиби матбуотии Сарвари давлати Россия Дмитрий Песков.
«Имрӯз президент дар Санкт-Петербург кор мекунад. Зангҳову гуфтугӯҳои байналмилалӣ [дар нақша аст] доир мегарданд, ки мо шуморо аз ҷараёни он огоҳ хоҳем кард. Ҳамчунин дар нимаи рӯз вохӯрии ғайрирасмии президент бо сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар назар аст»,-гуфт намояндаи Кремл.
Чорабинӣ дар Қасри Константиновский баргузор мешавад ва ба гуфтаи Песков, он қадами муҳим дар омодагӣ ба нишасти ИДМ хоҳад буд, ки ҳафтаи оянда дар Остона баргузор мешавад.
Зикр гардид, ки ҳамин гуна чорабинӣ соли 2021 дар Петербург гузаронида шуда буд. Он замон Путин ҳамтоёнашро ба пойтахти шимолии Россия қабл аз Соли нав- 28 декабр даъват намуда буд.
Аз котиби матбуотӣ суол карда шуд, ки оё мулоқоти фардо «фазои идона» дорад? Оё дар протокол, масалан, табрикоти раҳбарони хориҷӣ дарҷ шудаанд? «Чун қоида протокол инро ҳеҷ гоҳ пешбинӣ намекунад ва аксар вақт туҳфаҳо низ тавассути протоколҳо расонида мешаванд. Аммо, албатта, ба ҳар ҳол, ҳама якдигарро на як сол ё ҳатто на як даҳсола мешиносанд, аз ин рӯ эҳтимол онҳо ӯро бо зодрӯзаш сирф ба таври инсонӣ табрик хоҳанд кард»,- шарҳ дод намояндаи Кремл.
Дар бораи он ки оё Путин ҷашни мавлуди худро бо аҳли оилааш таҷлил хоҳад кард ва оё дар ин рӯз бо дӯстон мулоқот мекунад ё не, Песков чизе нагуфт. «Пагоҳ президент серкор хоҳад буд. Ба ҳар сурат роҳбарон ва намояндагони давлатҳои зиёде меҳмон мешаванд. Ва он чӣ ки ба масъалаи хонаводагӣ дахл дорад — алоҳида аст. Шумо медонед, ки мо одатан дар ин бора суҳбат карданро дӯст намедорем»,-зикр намуд ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.
ДАР АКС: ш. Санкт-Петербург, қасри Константиновский. Акс аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






