ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН. Токаев ният дорад, ки номзадии худро ба президентӣ аз эътилофи васеъ пешниҳод намояд

Октябрь 6, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфт, ки мехоҳад дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ на аз ягон созмони мушаххас, балки аз эътилофи неруҳои ҷамъиятиву сиёсӣ номзад шавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АМИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Президенти Қазоқистон иттилоъ додааст.

«Фикр мекунам дуруст мебуд, ки ман на аз ягон ташкилоти алоҳида, балки аз эътилофи васеи қувваҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ки асоси ислоҳоти иҷтимоии дар мамлакат гузарондашавандаро ташкил медиҳанд, номзадии хешро пешниҳод намоям»,- зикр намуд Токаев зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамъияти вилояти Павлодар.

Ин, ба ақидаи президент, «имконият медиҳад, ки принсипи баробарии сарвари давлат аз ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногун тасдиқ карда шавад».

Охири моҳи апрел Токаев аз ҳизби ҳоким «Amanat» (собиқ Nur Otan), ки сарварии онро охири моҳи январи соли 2022 пас аз бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар бар зимма дошт, хориҷ шуд.

Баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр муайян гардидааст. Тибқи қоидаҳои нав, президент имкон дорад ин мансабро танҳо як маротиба барои 7 сол ишғол намояд. Пешбарии номзадҳо 23 сентябр оғоз шуда, то 11 октябр идома хоҳад ёфт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶҚ

Октябрь 6, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид