Миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Чин ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид, ки зимни он масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлати ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. «Муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 7 моҳи соли 2022 ба 766,1 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 313,9 млн доллар ё 169,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18,5 дарсадро ташкил дода, мақоми сеюмро ишғол намуд»,-тазаккур дод Х.Усмонзода.
Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвари дӯсту ҳамсоя робитаҳои зичи ҳамкории густурда ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст.
Яке аз онҳо китоби арзишманди «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то имрӯз аз тарафи донишмандони ду кишвари ҳамсоя чунин асари арзишманд таълиф нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои чинӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мусбат арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад, зеро Чин ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд.
Тзи Шумин инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлати ҳамсоя, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба ифтихори 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро мувофиқи мақсад шуморид. Ӯ зикр кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи ҳамкории амалии судманд дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Дар мулоқот дурнамои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳиму мубрами байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши илмиеро дар сатҳи баланд доир намоянд, то дар он донишмандон ва коршиносони варзидаи ду кишвар ширкат варзида, доир ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин робитаҳо, дарёфти роҳи ҳал ва тақвияти ҳамкории минбаъда миёни ду кишвар изҳори назар намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






