«МУҲИТИ ТАЪЛИМ-АСОСИ ТАҲСИЛИ БОСИФАТ». Лоиҳаи наве, ки онро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон татбиқ менамояд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо роҳбари соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ Тигран Шмис баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи ҷадиди «Муҳити таълим- асоси таҳсили босифат» мубодилаи афкор намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсили босифат» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ шуда, мақсади он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур аз се қисмат ва зерқисматҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки раёсати Бонки ҷаҳонӣ барои ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд якчанд мушкилоти соҳа бартараф гардида, таъмиру навсозии бинои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизи синфхонаҳо бо компютер, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ Тигран Шмис зикр кард, ки лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсили босифат» бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ карда шуда, дар муҳлати муқарраршуда дар самти сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ, арзёбӣ ва баландбардории сифати таҳсил, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва аз байн бурдани муассисаҳои таълимии себаста бояд корҳои судманд анҷом диҳад. Ҳамзамон лоиҳа барои гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзёбии байналмилалӣ (PISA) мусоидат менамояд.
Раҳим Саидзода зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва самаранок татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур тадбирҳои судманд меандешад.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






