Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Россия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.
Дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делиметатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






