Реҷеп Тайип Эрдоган: «Мо барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳем дод»
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд. Дар паём, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Дӯсти азизам!
Аз номи миллат ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олиро бо 70-умин солгарди зодрӯзатон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям.
Дар ин росто умедворам, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва аъзои оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзумандам».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






