Реҷеп Тайип Эрдоган: «Мо барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳем дод»

Октябрь 5, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд. Дар паём, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Дӯсти азизам!

Аз номи миллат ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олиро бо 70-умин солгарди зодрӯзатон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям.

Дар ин росто умедворам, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва аъзои оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзумандам».

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн