Нурулло Оқилзода: «Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши таърихӣ гузоштанд»
ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия зербино ва аркони давлатдорист, зеро он қонуни асосии ҳар давлат буда, тамоми санадҳои қонунгузории дигар дар асоси он таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд. Бар ин маъно, асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон, бавижа шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ва муҳимтар аз ҳама, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим ба вуҷуд омаданд. Чунин ибрози назар намуд мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ Нурулло ОҚИЛЗОДА бахшида ба солгарди 28-уми қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон.
— 6 ноябри соли равон аз қабули аввалин Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар раъйпурсии умумихалқӣ расо 28 сол сипарӣ мегардад ва ин рӯйдод яке аз падидаҳои равшани даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, қабули он ба бунёд ва рушди мамлакат заминаи фароху боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Раванди таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи ҷумҳурии тозаистиқлоламонро метавон шартан ба ду марҳила ҷудо намуд, ки марҳилаи аввал ба соли 1992 рост меояд. Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1992 дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфта, лоиҳаро таҳия намуда, дар муҳлати муқарраршуда ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. 22 апрели ҳамон сол он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 1992 дар матбуот барои муҳокима нашр шуд. Муҳлати ҷамъбасти муҳокима то 1 июли соли 1992 муқаррар гардид. Лоиҳаи мазкур аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, 12 боб, 136 модда иборат буд, аммо ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки он муҳокима ва ё мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Вазъияти дохилии ҷумҳурӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, низоъҳо барои дигаргун кардани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, ки соли 1992 ҷараён дошт, имкон надод то лоиҳаи Конститутсия муҳокима ва қабул гардад.
Марҳилаи асосии қабули қонуни асосии мамлакат бевосита ба давраи раисии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ХVI таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд саҳифаи нави таърихиеро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боз намуд. Яке аз чунин сафҳаҳо бегуфтугӯ- ин бо қарори иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати нав ва бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба мебошад. Маҳз ин иқдоми ҷиддӣ шароит фароҳам овард, то Конститутсияи амалкунандаи мамлакат омода ва қабул карда шавад.
Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи баррасӣ лоиҳаи Конститутсияро барои баррасии умумихалқӣ дар расонаҳо интишор дод. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба баррасии умумихалқӣ тавсия гардид. Дар муддати зиёда аз ду моҳ бештар аз 8,5 ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид шуда, 21-22 июл Конститутсия дар иҷлосияи 19-уми Шӯрои Олӣ муҳокима гардида, барои раъйпурсӣ тавсия карда шуд. Лоиҳаи Конститутсияе пешниҳод гардид, ки он аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда иборат буд.
Роҳбари давлат ҳанӯз дар иҷлосияи ХVII Шӯрои Олӣ зарурати ин санадро чунин шаҳр дода буданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии ташкилоти дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Баъди ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо дарназардошти пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандони кишвар 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаву бахтномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Бамаврид аст зикр намоем, ки дар ҳамон шароити мураккаби вазъи сиёсӣ дар мамлакат ба муҳокимаи мардум гузоштани лоиҳаи Конститутсия, инчунин гӯш додан ба мавқеи аҳолии мамлакат як бори дигар аз таваҷҷуҳи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи Тоҷикистон ва мардумӣ будани Президенти мамлакат дарак медиҳад, зеро тамоми талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ба ҳифзи манфиатҳои аҳолии мамлакат, таъмини волоияти қонун ва танзими фаъолияти қонунии ниҳодҳои давлатӣ ва дар ин замина таъмини сулҳу субот дар мамлакат равона гардида буд.
Нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи тоҷик ва давлатдории навини Тоҷикистон сарнавишти минбаъдаи худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин қонуни тақдирсоз муайян сохта, самтҳои рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас намуд. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳимме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошанд, қабул карда шуданд, ки дар маҷмӯъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакатро баён намуда, асоси боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин карданд.
Бунёди ҷомеаи пешрафта, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонун дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бешубҳа, метавон иброз дошт, ки баъди барқарор гардидани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ шароит ба вуҷуд омад, ки дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳкими институтҳои давлатдории навини тоҷикон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, зеро марҳалаи гузариш ба сохти нави давлатдорӣ ҳарчи зудтар амалӣ сохтани чунин иқдомро тақозо мекард.
Зиёда аз ин, бо инобати вазъи дохилӣ ва хориҷӣ, танзим ва тавсеаи фаъолияти фарогир ва босамари ниҳодҳои давлатӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии мамлакат пеш омад. Бо ин мақсад давоми солҳои минбаъда интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои кишвар сурат гирифт, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Дар заминаи ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олии мамлакат чун шакли нави парламент, ки системаи дупалатагиро фаро мегирад, таъсис ёфт.
Дар умум, бо дарназардошти таҳаввулоти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти замон солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Тавре дар боло низ зикр гардид, қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, маҳз дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки рамзи мавҷудияти мамлакат ба ҳисоб меравад, мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчунин дигар арзишҳои демократӣ, аз қабили гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқод, воситаҳои ахбори омма ва дигар арзишҳо ҳамаҷониба инъикос гардиданд.
Бо қабул ва таҳкими ҷанбаҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар баробари рушду такомули ҷомеа ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ниҳодҳои алоҳидаи давлатдорӣ боз ҳам такмилу таҳким ёфтанд.
Бешубҳа, метавон таъкид намуд, ки бо азму иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули ҳамин ҳуҷҷати муҳим- Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар як давраи аз нигоҳи амниятӣ ва сиёсӣ ниҳоят ҳассос тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар меҳвари он иродаи бузургу ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Маҳз ҳамин санади тақдирсоз тавонист заминаи мустаҳками ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварад, ки ба сиёсати дурбинона ва санҷидашудаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Дар Конститутсияи мамлакат риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ карда шуда, он асоси рушди устувори мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистон қабули муҳимтарин санаду меъёрҳои танзими фаъолияти ниҳодҳои асосии давлатӣ ба роҳ монда шуда, устувории фаъолияти онҳо таъмин гардида истодааст.
Дар маҷмӯъ, метавон иброз дошт, ки амалҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати бузург ба ҳайси роҳбари давлат бо ташаббусҳои воқеии ӯ, яъне қабули Конститутсия шурӯъ шуд, самтҳои дигари стратегӣ, роҳу равиши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат низ минбаъд ба маҷрои муносиб ворид гардид ва кишвар дар ин роҳ муваффақ шуд. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати сиёсати хирадсолору қонунбунёд, эҳтиром ба меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардад. Ин воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ормонҳои мардуми тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Бо қабули Конститутсия ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар мамлакат волоияти қонун, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакатамон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин гардида, тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар чаҳорчӯби меъёрҳои конститутсионӣ ҳал мешаванд.
Бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро инъикос намуда, яке аз омилҳои муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ё ба ибораи дигар роҳнамои миллат мебошад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА,
мушовири калони бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ
АКС: АМИТ «Ховар»