Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» — ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Дар иншооти нав бо назардошти талаботи замони муосир барои омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Бино дорои 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн барои духтарон ва писарон мебошад.
Ташаккули соҳибкорӣ маҳорати баланд, ихтисосмандӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад. Бо назардошти ҳамин дар доираи мизҳои мудаввар, мастер-классҳо, экспресс-курсҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Тадбирҳои омӯзиши ройгон сурат гирифта, хоҳишмандон имконият доранд, ки донишҳои худро дар самти бахши хусусӣ тақвият бахшида, фаъолияти соҳибкории худро ташкилу таҳким бахшанд.
Дар курсҳои дӯзандагӣ давоми ду моҳ 10 нафар соҳибкасб гардонида мешаванд. Дар курсҳои сартарошӣ ва ороиши рӯю мӯй бошад, давоми як моҳ омӯзиш сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон барои татбиқи ғояҳои соҳибкорӣ имконият зиёд аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад барои афзун шудани муваффақият ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ масъулинро барои истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ вазифадор карданд.









Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад






