Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин
Самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин бипазиред.
Дубора интихоб гардидани Шумо ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланди Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаатон ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.
Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид.
Бо истифода аз фурсат, изҳори боварӣ менамоям, ки мо бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






