Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд

Октябрь 31, 2022 18:00

ДУШАНБЕ,  31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, ҳайати расмии рӯзҳо иборат аз 60 нафар ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон иштирок доранд.

Зимни маросим зикр шуд, ки равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон ва Эрон солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои сарони ҳарду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хосса дорад. Тоҷикистон ва Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.

Зимни ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони эронӣ барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон то 6 ноябр идома меёбанд.

Тибқи барнома, имрӯз пеш аз оғози маросими Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти Вазири фарҳанги мамлакат ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии рӯзҳо ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Пагоҳ, 1 ноябр намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳо инчунин маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби гурӯҳи мусиқии «Пож», «Сурӯши Мавлоно» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии «Варзишгарони зӯрхонаӣ» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегарданд.

3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Эрон бо иштироки ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.

Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» низ дидан менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2022 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад