Рӯзи Конститутсия дар Душанбе бо сайру гашти оммавии сокинон ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре дар Раёстаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар тамоми муассисаву ташкилоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он доир ба аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат бо иштироки коршиносони соҳа мулоқоту суҳбатҳо ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию истироҳатӣ бо мақсади дар рӯҳияи идона ташкил намудани сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






