Раиси парлумони Қирғизистон истеъфо дод

Октябрь 6, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси парлумони Қирғизистон Талант Мамитов дирӯз, 5 октябр истеъфо дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст.

«Ман аризаамро ҳанӯз вақти ба Бодканд рафтан навишта будам, вале он замон як гурӯҳ вакилон зид баромаданд», — гуфт ӯ дирӯз дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумони якпалатаи Қирғизистон – тавзеҳи АМИТ «Ховар»).

«Дар анҷоми суханронии худ торага (раиси парлумон- тавзеҳи АМИТ «Ховар») Талант Мамитов ба ҳамкасбонаш барои эътимод ба ӯ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки тасмими тарки ин мақом бо хоҳиши ӯ гирифта шудааст»,- гуфта мешавад дар паём.

Тавре INTERFAX.RU хабар медиҳад, Мамитов гуфтааст, ки ӯ ҳанӯз дар ҷараёни ҳаводиси 14-17 сентябр дар марз бо Тоҷикистон тасмим гирифта буд, ки истеъфо диҳад.

Баъди баёни аризааш Мамитов толори маҷлисро тарк намуд. Тибқи низомнома, истеъфои ӯ ба инобат гирифта мешавад, гуфт муовини раиси парлумон Улан Примов.

Мамитов 4 ноябри соли 2020 раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Аз соли 2010 то соли 2020 ӯ аз аҳзоби сиёсии «Ата-Журт» ва «Республика — Ата Журт» вакили парлумон интихоб шудааст.

Вакилони Шӯрои Маҷлиси Олӣ аллакай шаби гузашта Нурланбек Шакиевро раиси нав таъйин карданд (ДАР АКС аз поён). Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони ҷумҳурӣ хабар додааст.

Шакиев соли 2021 вакили парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Ӯ дар Жогорку Кенеш фраксияи ҳизби тарафдори ҳукумат- «Ата-Журт Қирғизистон»-ро роҳбарӣ мекунад. Аз соли 2006 то 2009 котиби матбуоти президенти ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев, аз соли 2009 то 2010 мушовири сарвари давлат буд. Шакиев солҳои 2010-2011 роҳбарии Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистонро бар уҳда дошт.

АКС: маркази матбуоти Жогорку Кенеш

Октябрь 6, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид