Раисони кумитаҳои амният ва мудофиаи парлумонҳои кишварҳои СААД ҳамкории низомиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД, таҳти раёсати Раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Иштирокчиёни ҷаласа дар оғоз гузориши муовини сардори Раёсати мушкилоти амнияти ҳарбии Котиботи СААД Олег Латиповро оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории низомӣ дар доираи СААД дар марҳилаи кунунӣ шуниданд.
Муовини Раиси комиссияи доимӣ оид ба мудофиа ва амнияти Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Армен Хачатрян дар бораи татбиқи афзалияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати СААД дар соли 2022 ва вазъи кунунии низомию сиёсӣ дар марзҳои минтақаи Қафқоз, амнияти дастҷамъии СААД дар асоси тамоюл ва дурнамои рушди он изҳори андеша намуд.
Сипас, аъзои ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ дар бораи мушкилоти амнияти дастҷамъӣ дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии СААД табодули назар намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар фарҷом вакилони парлумон тарҳи нақшаи кори АБ СААД барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






