Роҳбари Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии қарини шахсӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамояд

Октябрь 5, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароити миллии худ роҳи рушдро боз кард ва дар кори бунёди давлатӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ гардид. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба аз ин самимона шод аст. Дар ин бора Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навиштааст.

«Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти азиз ва дерин!

Иҷозат диҳед ба муносибати 70-солагии рӯзи таваллудатон табрикоти самимӣ ва таманниёти  неки худро ба Шумо расонам.

Муносибатҳои Чину Тоҷикистон ҳамеша суръати хуби рушдро нигоҳ медоранд. Мо аз аввали соли равон бо нигоҳ доштани ҳамкории зич бо Шумо доир ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор кардем, то равобити Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав бароянд», -афзуд Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.

Си Ҷинпин изҳор дошт, ки  ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, «муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии қарини  шахсиро қадр мекунад».

«Бо таъкид бар 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ омодаам, ки бо Шумо барои пешбурди ҳамкории ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф ба нафъи ду кишвар ва мардуми онҳо саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳам», — омадааст дар барқия.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод