Шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ мизбони Бозиҳои зимистонаи осиё-2029 эълон шуд

Октябрь 9, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи Тройенаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Камбоҷа мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин аввалин кишвар дар Осиёи Ғарбӣ хоҳад буд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиёро мизбонӣ мекунад. Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1986 чор маротиба дар Ҷопон, ду маротиба дар Чин ва як маротибаӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон баргузор шудааст.

Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 сеюм чорабинии бузурги варзишӣ аст, ки Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Қаблан Шӯрои олимпии Осиё ҳаққи мизбонии Бозиҳои Осиё-2034 ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025-ро ба Арабистони Саудӣ дода буд. Ин бозиҳо дар шаҳри Риёз баргузор хоҳанд шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 9, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд