Шараф Шерализода бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо Октавиан Бивол мулоқот намуд

Октябрь 6, 2022 08:38

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр  мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) Октавиан Бивол баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла татбиқи Барномаи қолабии Сендай, пайванди офатҳои табиӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор карданд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 6, 2022 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд