Вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони Хоруғ ва Роштқалъа оид ба саноатикунонии босуръати ВМКБ суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Азиз Гиëзода бо сокинони шаҳри Хоруғ, ки аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41 интихоб гардидааст, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.
Вохӯриро Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ифтитоҳ намуда, оид ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии имрӯзаи шаҳр сухан гуфт .
Зикр гардид, ки Хоруғ ба марҳалаи нави рушди устувор ворид гардида, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги созандагӣ ҳоло авҷи устувор касб намудаанд.
Раиси шаҳр зикр кард, ки Азиз Гиëзода дар баробари дигар ноҳияҳо сокинони шаҳри Хоруғро низ дар мақомоти олии қонунгузор намояндагӣ менамояд.
Азиз Гиëзода оид ба таърих ва мақоми Иҷлосияи тақдирсози 16 — уми Шӯрои Олӣ, ки имсол 30 — солагии онро ҷашн мегирем, инчунин оид ба дастгирии давлату ҳукумат баҳри рушди ин минтақаи баландкӯҳ сухан гуфт.
Иброз гардид, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат вилоят аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардид. Имрӯз баҳри амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Ҳамзамон оид ба далелу рақамҳои дақиқ дар самти пешрафти иқтисодиëти вилоят ибрози андеша карда шуд.
Муовини якуми Раиси вилоят Низом Мирзозода ба намояндагӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён дошт, ки дастовардҳои кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар 31 соли истиқлолият ба садсолаҳои таърихи миллати бостонии тоҷик баробаранд.
Он лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудаанд, ба рушди бемайлони ин минтақа такони ҷиддӣ бахшида, дар самти воқеан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ëфтани Бадахшон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода бо сокинон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва Раиси ноҳия Аъзам Шомирзозода ширкат намуданд.
Азиз Гиёзода оид ба нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, ба талабу дархости сокинон оид ба дастгирии ниёзмандон ва имтиёз барои фаъолият дар шароити баландкӯҳ ҷавоб дод.
АКС: МИҲД-и Роштқалъа










Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд






