Соли равон 151 мактаб ва дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 35031 ҷойи нишаст бинои иловагӣ сохта шудааст

Октябрь 11, 2022 10:43

ДУШАНБЕ, 11.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 барои соҳаи маорифи мамлакат 6 млр. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 11,3 % зиёд мебошад. Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 35031 ҷойи нишаст дар як баст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки 10 октябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода доир ба масъалаҳои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба боғчаҳои бачагона, баланд бардоштани сифати таълим, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва чанде дигар андешаронӣ карда, таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи мазкур гузаронида шуда истодааст, аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон хабар дода шуд, ки соли равон ба маблағи 21 млн. 200 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки ин нисбат ба нақшаи нуҳмоҳа 98,14% ва нисбат ба нақшаи солона 70,6%-ро ташкил медиҳад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2022 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид