Ғолиби «Тӯби тиллоӣ»-2022. Карим Бензема бори аввал беҳтарин бозигари ҷаҳон эълон шуд

Октябрь 18, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Шаби   17 октябр аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии France Football маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузаштаи футбол баргузор шуд.  Ҳамлагари  дастаи  футболи  «Реал Мадрид»-и  Испания  Карим Бензема ҳамчун беҳтарин бозингар ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ба даст овард, хабар додааст хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар мавсими гузашта ҳамлагари фаронсавӣ дар 32 бозӣ дар Ла Лигаи Испания 27 гол зада, 12 партофти головар кардааст.

Мавриди зикр аст, ки  Карим  Бензема инчунин дар 12 вохӯрии Лигаи чемпионҳо 15 маротиба гол зада, ду маротиба ба шариконаш ассист кардааст.  Бисёре аз голҳои ӯ дар давраи плей-офф ва финали мусобиқа буданд.  Дар ҳайати дастаи  «Реал Мадрид» Карим Бензема қаҳрамони Испания шуд ва инчунин баъд аз пирӯзӣ бар дастаи футболи  «Ливерпул»-и Англия Ҷоми Лигаи чемпионҳоро гирифт.

Дар оғози мавсими ҷорӣ вақте ки дастааш дар бозӣ барои ин ҷом аз дастаи  «Айнтрахт»-и Олмон қавитар баромад, Карим  Бензема соҳиби Суперҷоми Аврупо шуд.  Карим Бензема дар бораи ҳамлагари дастаи футболи  «Манчестер Юнайтед»-и Англия  Криштиану Роналду баъди ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» изҳори назар карда, гуфт:  «Бо ӯ бозӣ кардан бароям шараф аст, вай беҳтарин бозингар аст. Рӯзе, ки ӯ рафт, майли беҳтар шуданам пайдо шуд.  Ман ҳавасмандӣ дорам, ки дар майдон бештар кор кунам».

Худи Криштиану Роналду дар овоздиҳӣ барои ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар ҷои 20-ум қарор гирифт.  Ҳамлагари португалӣ барандаи панҷкаратаи «Тӯби тиллоӣ» аст.

Карим Бензема пас аз Зинедин Зидан аввалин бозингари фаронсавист, ки ин ҷоизаи фахриро соҳиб шуд.

                                                                            АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 18, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид