Таҷрибаи Озарбойҷон дар таҳияи модели ASAN Xidmet* дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баррасӣ шуд

Октябрь 12, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Бонки Исломии Рушд ва намояндагони Агентии давлатии хизмати давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҷрибаи Озарбойҷон дар таҳияи модели ASAN Xidmet* баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ А. Абдураҳмонзода зикр намуд, ки “бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020 ба вазорат мақоми ваколатдор дар соҳаи иқтисоди рақамӣ дода шудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020 масъалаҳои таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар ба уҳдаи вазорат вогузор гардида, дар сохтори вазорат Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст”.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир ва имконияти рушди ҳамкории минбаъда табодули назар намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи гузаронидани тадқиқоти ҳамаҷонибаи ташхисӣ барои арзёбии заминаи меъёрӣ, сохтори дастурии иқтисоди рақамӣ ва таҳияи модели самараноки идоракунии электронӣ бо истифода аз таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

______________________

*Модели «ASAN Xidmət»*, англ. Azerbaijan Service and Assesment Network)-Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷон дар назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад. Ба ғайр аз хизматрасониҳои аз ҷониби идораҳои давлатӣ пешниҳодшуда дар маркази «ASAN» хизматрасониҳои дастгирии вазифавӣ низ пешниҳод мегарданд.

Октябрь 12, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад