ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, шанбе, 302-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 29, 2022 08:00

29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ифтихори 20 -солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Сарвари  давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.

***

6 сол пеш, 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуданд.

29 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.

***

Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).

***

Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

РӮЙДОДҲО:

 29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

***

29 октябри соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

***

29 октябри соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

 

***

29 октябри соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

 

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Октябрь 29, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, панҷшанбе, 334-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, чоршанбе, 333-юмин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, сешанбе, 332-юмин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, душанбе, 331-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, якшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, шанбе, 329-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, ҷумъа, 328-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, панҷшанбе, 327-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, чоршанбе, 326-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, сешанбе, 325-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, душанбе, 324-умин рӯзи соли 2023 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, якшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2023 аст