Тоҷикистон ва Италия густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ ва тиҷоратию иқтисодиро таъкид карданд

Октябрь 22, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна ва сафири махсус оид ба номзадии шаҳри Рим барои пазироии намоишгоҳи ЭКСПО-2030 Ромео Орландиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 22, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд