Тоҷикистон ва Италия густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ ва тиҷоратию иқтисодиро таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна ва сафири махсус оид ба номзадии шаҳри Рим барои пазироии намоишгоҳи ЭКСПО-2030 Ромео Орландиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






