«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври ниҳоии ин озмун 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд

Октябрь 25, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Аз 316 нафар довталабон 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзида, 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 18 то 23 октябр даври ниҳоии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки ҳайати ҳакамон, иборат аз санъатшиносону мусиқишиносони шинохтаю варзидаи кишвар доир гардид.

Дар даври ниҳоии озмун иштирокчиён аз ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунару маҳорати хешро манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад