То охири моҳи октябр сохтмони хонаҳои зарардида дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара ба анҷом мерасанд
ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар» /. Дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара айни замон корҳои бунёду барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ хароб гардида буданд, бо суръати баланд идома доранд. Масъулин ва ҳашарчиён тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳи октябр сохтмони хонаҳоро ба анҷом расонанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматии сокинон шинос шуда, зикр кард, ки мардуми тоҷик ҳамеша дар рӯзҳои зарурӣ дар канори ҳамдигар қарор дошта, мушкилоти пешомадаро дар ҳамбастагӣ ҳал мекунанд.
«Бо кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои сохтмони манзилҳо ҷудо шуда буд, рӯзҳои наздик хонаҳои истиқоматӣ пурра омода карда мешаванд»- тазаккур дод Раҷаббой Аҳамадзода.
Сокинони шаҳри Исфара ва ҳашарчиён аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба таври ихтиёрӣ ба кумаки зарардидагон омада, аҳлона барои сари вақт бо сарпаноҳ таъмин шудани сокинон меҳнат намуда истодаанд.
Сокинон аз вусъати корҳои сохтмонӣ изҳори хушнудӣ карда, барои кӯмакҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷараёни сохтмони хонаҳои мазкур зери назорати Сарвари давлат қарор додар. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят борҳо аз маҳалли бунёди ин манзилҳои истиқоматӣ дидан карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






