Вакилони Маҷлиси намояндагон Муроҷиатномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони мамлакат шарҳу тавзеҳ доданд

Октябрь 21, 2022 14:59

ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Фархор баргузор гардид, ки дар он вакилон Муроҷиатномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони мамлакат шарҳу тавзеҳ доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар мулоқот вакили мардумӣ Муроҷиатномаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони мамлакат шарҳу тавзеҳ дода, иброз намуд, ки тавре ки дар Муроҷиатнома омадааст, «расидан ба истиқлоли давлатӣ, ки сиву як сол пеш ба вуқӯъ пайваст, барои миллати шарафманди мо рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҷодаи амалӣ гардидани ормонҳои беш аз ҳазорсолааш мебошад.

Вале дар айёме, ки давлати тозаистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои тундгаро, гурӯҳҳои ифротгаро ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба майдони мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ниҳоят ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Душманони миллати тоҷик бо истифода аз вазъияти ба вуҷудомада нақшаҳои сиёҳи ба чанд порча тақсим кардан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кардани давлати ҷавони тоҷиконро тарҳрезӣ карда, барои амалӣ намудани он талош меварзиданд.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки саркардагони неруҳои ифротгаро дар он айём иқтидори зеҳниву сиёсии идора кардани давлати соҳибистиқлолро надоштанд.

Ҷомеа ба неру ва шахсияте ниёз дошт, ки заковату зарфияти сиёсӣ, сиришти пок ва ғурури баланди миллӣ дошта бошад, то давлатро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз хатари парокандагӣ раҳо бахшида тавонад.

Ба бахти мардуми тоҷик, Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули дигар қарорҳои созандааш ин гуна сиёсатмадорро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва ба миллати азияткашидаи тоҷик эҳдо намуд».

Маҳз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони тозаистиқлол дар муддати кӯтоҳ на танҳо ба сарзамини мардуми сарҷамъу муттаҳид ва орому босубот табдил ёфт, балки дар қатори давлатҳои озод ва дар ҳоли   тараққиёт мақоми арзандаи худро пайдо кард.

Ҳамаи ин натиҷаи талошҳои ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар атрофии сиёсати созандаву инсонпарваронаи ин шахсияти беназири таърихӣ муттаҳид гардидани мардуми кишвар мебошад.

Воқеан ҳам,-гуфт  Зоир Раҳмонзода, ин иҷлосияи таърихӣ, ки мо дар арафаи 30-солагии таҷлили он қарор дорем, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад.

Маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик — таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 21, 2022 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад