ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «SLOW FOOD». Захираҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон дар он муаррифӣ ва тарғиб шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Захираҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» (ғизои солим), ки дар шаҳри Турини Италия баргузор гардид, муаррифӣ шуданд, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар доираи ярмарка барои тарғибу ташвиқи масъалаҳои экологӣ, сайёҳӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ зиёда аз 200 варақаҳои таблиғотӣ дар намоишгоҳ тақсим карда шуданд.
Дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» дар радифи сад кишвари дунё Тоҷикистонро мутахассиси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қутбиддин Раҷабов намояндагӣ намуд.
Ҳадафи ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD»- тарғиби ғизои солими аз лиҳози экологӣ тоза ва дар ин замина таҳкими дӯстии халқҳо ҷиҳати дастгирии сайёҳии экологӣ мебошад.
Дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» намояндагони сад давлати дунё дар гӯшаҳои махсус иқтидорҳои бою табиию экологии кишварҳояшонро ба маъраз гузоштанд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» мавзеъҳои сайёҳӣ, паркҳои миллӣ, ёдгориҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дараи Қаратоғ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори намуди «Шоҳ-моҳӣ» — гулмоҳии амударёии нодире, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 шомил шудааст, пешниҳод гардиданд.
Ин иқдом барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






