«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Агентии хизмати давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Октябрь 5, 2022 08:37

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябр дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» Агентии мазкур.

Дар ҷамъомад сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён ва Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода, роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ-шунавандагони магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», кормандони филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки «ҳар миллат арзишҳои маънавии худ, аз ҷумла парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллӣ, расму оин ва забони миллии хешро дорад, ки дар маҷмӯъ онҳоро муқаддасоти миллӣ меноманд. Муқаддасоти миллӣ симо ва муаррифи миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳар соҳибватан вазифадор аст, ки онҳоро гиромӣ дошта, арҷ гузорад».

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ авлавияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони давлатдории навин забони тоҷикӣ дар мақоми забони миллӣ ё забони давлатӣ рисолат дошта, рушди он идома дорад. Аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 5 октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ якчанд  тадбирҳои судманд андешида шуданд. Пеш аз ҳама, ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани Рӯзи забони давлатӣ дар мамлакат, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҷилд чоп гардидани асари пурарзиши «Забони миллат-ҳастии миллат», таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон намудани соли 2008, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (соли 1998, 2011 ва 2021) такмил додани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қадамҳои устуворе дар рушди забони давлатӣ мебошанд»,-афзуд Ҷумъа Давлатов.

Дар ҷамъомад сардори шуъбаи танзими истилоҳоти  Кумитаи забон ва истилоҳот Раҳим Зулфониён ва Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ, рушду гиромидошти забон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин нақши забони давлатӣ дар тарбияи насли ояндасози миллат сухан гуфтанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид