Зубайдулло Давлатов, сардори раёсати МТС: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуд»

Октябрь 18, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси сатҳи баланд, ки имрўз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард, барои табодули андешаву назарҳо, таҷриба, таҳлили манбаъҳои хатару таҳдидҳо ва андешидени тадбирҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ фоидаовар хоҳад буд. Он боз як майдони дигари сатҳи баланд барои пешниҳодҳо, тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз вабоҳои аср- терроризму экстремизм мегардад. Тадбирҳое, ки ба муборизаи дастҷамъона бидуни мавқеи дугона қувват мебахшанд»,- иброз намуд сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар

Ба гуфтаи Зубайдулло Давлатов, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуда, ин ташаббусҳо ба ному шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванданд.

«Бори сеюм аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудани конфронсҳои сатҳи баланд дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гувоҳи эътирофи мавқеи пешқадамона ва ташаббускоронаи кишвари мост. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои СММ тавассути иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд аз ташаббусҳои Тоҷикистон алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм дастгирӣ менамоянд»,-зикр намуд ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки дар кори конфронси сатҳи баланд  дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» мутахассисон, коршиносону таҳлилгарон, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупою дигар ташкилоти байналмилалӣ, журналистони расонаҳои гуногун иштирок менамоянд.

“Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш тавсеаи ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист, муомилоти ғайриқонунии  аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, таслиҳот ва маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон мавриди муҳокима қарор гирад. Қазияи Афғонистон низ яке аз масъалаҳои рӯзномаи ин конфронс ба шумор меравад. Сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва терроризм мусоидаткунанда аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳс ва ҳаллу фасл қарор мегиранд”,- хотиррасон намуд ў.

Ба андешаи коршинос, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири омилҳои берунӣ, таҳаввули моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои ҷаҳон, дар маҷмӯъ дар назди ҷомеаи башар вазифаҳои наве мегузоранд, ки ҳалли онҳо барои муттаҳидсозии ҷомеаи дохили давлатӣ ва ҷомеаи ҷаҳон аҳамияти истисноӣ дорад. «Аҳамияти ин конфронси сатҳи баланд аз он иборат мебошад, ки хабарнигорони зиёде аз ҷараёни кори он гузориш таҳия намуда, Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор медиҳанд ва шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма аз кори конфронс огаҳ мегарданд, бо андешаву назари иштирокчиён шинос мешаванд, ки ин бевосита ба онҳо дар шинохти чеҳраи манфури терроризм ва экстремизм кумак менамояд»,-изҳор дошт З. Давлатов.

Ёдовар мешавем, ки аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул мегардад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳамин ном боқӣ хоҳад монд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул шудаанд
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
САДА-МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ. Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

Маводҳои таҳлилӣ