142 нафар сарбозони Вазорати корҳои дохилӣ баъди анҷоми давраи касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд

Ноябрь 19, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ пас аз анҷоми давраҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ 142 нафар сарбозон соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Супоридани шаҳодатномаҳо бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Акбар Насимзода ва Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Суҳроб Рауфзода доир гардид.

Мавриди зикр аст, ки баҳри таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сарбозону наваскарон Вазорати корҳои дохилӣ дар қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳандозӣ намудааст, ки ба соҳибкасб шудани сарбозон мусоидат менамоянд.

Дар давраҳои касбомӯзӣ сарбозону наваскарон соҳиби ихтисосҳои ошпаз, нонпаз, сартарош, кандакор, устои барқ, устои таъмири муҳаррики нақлиёт, дуредгар, кафшергари барқӣ ва сантехник гардида, ҳамчунин ба давраҳои бозомӯзии компютерӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта мешаванд.

Муҳлати таҳсил дар давраҳои омӯзишӣ се моҳ муқаррар гардида, баъди аз худ кардани нозукиҳои касб ба сарбозон шаҳодатнома (сертификат) супорида мешавад.

Акс: ВКД ҶТ

Ноябрь 19, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид