16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани ватану миллат ба хотири рушду таҳкими давлат аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамчун мавҷудияти мансаби олии давлатӣ дар давлат, балки пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мост, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро ба мо нишон доданд. Ин нуктаро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи К. Каримзода, қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани ватану давлат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири рушду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки ин амалҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит гардидаанд. «Ҳамин аст, ки меҳнати фидокорона, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллии Президенти мо сабаби ба дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сарфароз гардидани ин шахсияти таърихии сатҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Пешвои миллати мо ин мансаби олии давлатиро ба мактаби давлатдорӣ, тарбияи насли нави сиёсии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал намуданд»,-зикр намуд ӯ.
Бояд иброз намуд, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон, сулҳу ваҳдати саросарии миллӣ, ободии ватану диёр, шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати мо мебошад.
Тавре Карим Каримзода изҳор медорад, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷараёни минбаъдаи давлату давлатсозӣ дурустии роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саҳми Пешвои миллат ва муносибати халқи кишварро барои ба лексикони сиёсиву ҳуқуқӣ ворид намудани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти идоракунии самаранок ва сохтмони давлатӣ, рушди тамоми институтҳои ҷомеаи демократӣ, боло рафтани эътибори давлат ва нақшу манзалати инсон ва шаҳрванд баръало собит намуд.
«Нахуст эътимоди халқ ва баъдан эътимоди дигар қувваҳои сиёсии мамлакат ба ин институти давлатдорӣ қавӣ гардида, дар мамлакат фазои ором ва суботи бардавоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги волои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва иштирок дар идоракунии давлат рӯйи кор омад. Халқ зери ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, давлат зери роҳбарии Президент барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, инчунин фаъолияти созандагию бунёдкорӣ имконият ва шароити воқеӣ пайдо намуд»,-афзуд мавсуф.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






