16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани ватану миллат ба хотири рушду таҳкими давлат аст

Ноябрь 16, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамчун мавҷудияти мансаби олии давлатӣ дар давлат, балки пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мост, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро ба мо нишон доданд. Ин нуктаро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи К. Каримзода, қадру манзалати ин мансаб аз сид­қан дӯст доштани ватану давлат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири  руш­ду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки  ин амалҳо аз ҷониби Пре­­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит гарди­даанд. «Ҳамин аст, ки меҳнати фидокорона, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳув­ияти баланди миллии Президенти мо сабаби ба дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ­ — Пешвои миллат сарфароз гардидани  ин шахсияти таърихии сат­ҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Пешвои миллати мо ин мансаби олии давлатиро ба мактаби дав­латдорӣ, тарбияи насли нави сиёсии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон му­баддал намуданд»,-зикр намуд ӯ.

Бояд иброз намуд, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷи­кистон, сулҳу ваҳдати саросарии миллӣ, ободии ватану диёр, шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фар­ҳангии миллати мо мебошад.

Тавре Карим Каримзода изҳор медорад, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷараёни минбаъдаи давлату дав­­латсозӣ дурустии роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷикистон, алалхусус саҳми Пешвои миллат ва муносибати халқи киш­варро барои ба лексикони сиёсиву ҳуқуқӣ ворид намудани мансаби Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти идоракунии сама­ранок ва сохтмони давлатӣ, рушди тамоми инс­титутҳои ҷомеаи де­мократӣ, боло рафтани эътибори давлат ва нақшу манзалати инсон ва шаҳрванд баръало собит намуд.

«Нахуст эътимоди халқ ва баъдан  эътимоди дигар қувваҳои сиё­сии мамлакат ба ин институти давлатдорӣ қавӣ гардида, дар мам­лакат фазои ором ва суботи бардавоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги волои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва иштирок дар идоракунии давлат рӯйи кор омад. Халқ зери ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, давлат зери роҳбарии Президент  барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, инчунин фаъолияти созандагию бунёдкорӣ имконият ва шароити воқеӣ пайдо намуд»,-афзуд мавсуф.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ
«Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ