Аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ автобус тақдим гардид

Ноябрь 28, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ як адад автобуси мусофиркашонӣ ҳадя гардид, ки ба омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ ва вилоят хизмат мерасонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДХ.

Ҳайати професорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.

Дар робита ба ин омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷавобан ба ин дастгириҳо тамоми неруи худро ба рушди давлатдории миллӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат равона намуда, онро ҳамаҷониба дасгирӣ менамоянд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистанд шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистонро ба яке аз шаҳрҳои зебои минтақа табдил диҳанд.

Акс: ДДХ

Ноябрь 28, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд