Бар асари лағжиши ярч дар яке аз ҷазираҳои Италия беш аз даҳ нафар бедарак шудаанд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари лағзиши шадиди ярч дар ҷазираи Искияи Италия қариб 13 нафар бедарак шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба шабакаи телевизионии RaiNews24 иттилоъ медиҳад.
Субҳи 26 ноябр ба шаҳраки Казамиччола дар натиҷаи боронҳои шадид ярч фаромад. Қаблан намояндаи карабинерони маҳаллӣ гуфта буд, ки як хона пурра зери лой мондааст, ки дар он як оилаи сенафарӣ ва духтари 25-сола будаанд.
Дар айни замон дар шаҳр гурӯҳҳои наҷотдиҳанда кор мекунанд ва нафарони бедаракшуда беш аз даҳ тан ҳисобида шудаанд. Мири Искя Энтсо Феррандино воқеаи дар ҷазира рухдодаро фоҷиа номид. «Теъдоди одамони бедаракшуда дар Казамиччола то ҳол дақиқ маълум нест. Ба далели номусоидии обу ҳаво, мо ҳолатҳои душвори дигар, аммо на он қадар шадид низ доштем», — шарҳ додааст суханони намояндаро агентӣ.
АКС: AGTW / YouTube








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






