Бонки Эсхата ва ББАМ дар таърихи биржа аввалин муомилотро бо сомонӣ нисбат ба рубли русӣ амалӣ намуданд

Ноябрь 10, 2022 17:17

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Биржаи байнибонкии асъории Москва (ББАМ) ба муомилоти асъории TJS/RUB дар биржаи асъорӣ оғоз кард. 7 ноябр Бонки Эсхата ва ББАМ дар таърихи ББАМ аввалин муомилотро бо сомонӣ нисбат ба рубли русӣ амалӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки Эсхата хабар доданд.

«Акнун тамоми муассисаҳои молиявие, ки ба платформаи асъории Бонки Эсхата шомиланд, метавонанд аз рӯи ҷуфти асъори TJS/RUB амалиёт анҷом дода, талаботи худро ба муомилоти асъорӣ қонеъ созанд», — таъкид намуданд дар бонк.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2022 Бонки Эсхата аввалин бонк дар Тоҷикистон гардид, ки ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTPro пешниҳод намуд, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъори Москва фароҳам меорад.

Аз соли 2016 Бонки Эсхата иштирокчии муомилот дар биржаи асъор буда, аввалин бонке дар Тоҷикистон гардид, ки ББАМ бо он созишномаи ҳамкорӣ бастааст.

АКС: Бонки Эсхата

Ноябрь 10, 2022 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд