БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ БОКСИ КАСБИИ ТОҶИК! Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Шавкат Раҳимов барои соҳиб шудан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF хона туҳфа намуданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Шавкат Раҳимов, дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс) хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахт туҳфа намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Хотиррасон мешавем, ки Шавкат Раҳимов 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ,пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, дар раунди нуҳум муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро ба накаут фиристода, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик соҳиби камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF гардид.
Мавриди зикр аст, ки IBF яке аз бузургтарин созмонҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон дониста шуда, соли 1983 дар Амрико таъсис ёфтааст. Муштзанҳои машҳури дунё аз қабили Ҷорҷ Форман, Эвандер Холифирд, Майк Тайсон, Владимир Кличко ва чанде дигар варзишгарони ҳирфаӣ сазовори ин унвон гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид






