БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ МОЛИЯ. Биржаи Москва ба муомилот бо пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ шурӯъ кард

Ноябрь 3, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал аз 31 октябри соли равон Биржаи Москва ба муомилот бо пули миллии Тоҷикистон- сомонӣ шуруъ кард, ки ин ҷанбаи муҳими рушди тиҷорат ва сармоягузории ду давлат маҳсуб мешавад. Дар ин бора расонаҳои хабарии русии ИТАР ТАСС, Интерфакс, Спутник ва www.moex.com иттилоъ додаанд.

Тавре қаблан таҳлилгарон иброз доштанд, беш аз 57 дарсади ҳисоббаробаркуниҳо дар савдои мутақобила бо асъори миллии Россия ва Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ҳоло ҷуфти рубл ва сомонӣ дар майдони бузургтарини холдингии биржаи Россия ба муомилот шурӯъ намудаанд, ки ин ба имконияти рушд додани ҳамкории молиявӣ ва гардиши мол дар ҷумҳурӣ равона карда мешавад.

Биржаи Москва яке аз биржаҳои калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ нишони муваффақияти нави иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад. Биржа чунин мешуморад, ки чунин тадбирҳо имкони табдили мустақимро барои бонкҳо, брокерҳо ва мизоҷони онҳо, инчунин иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ васеъ мекунанд. «Мубодилаи асъор бо ҷуфтҳои нави асъор унсури муҳими зерсохторӣ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ миёни Россияву Тоҷикистон аст», — гуфта шудааст дар гузориши нашрнамудаи сомонаи Биржа.

Ҷиҳати ба муомилот бо пули миллии сомонӣ шурӯъ кардани Биржаи Москва коршиноси масоили молиявӣ Абдукарим Қурбонов чунин иброз дошт, ки шомил гардидани сомонии тоҷик ба Биржаи Москва ва бо ҷуфти рубли русӣ хариду фурӯш кардани он фоли нек аст. Мавсуф зикр намуд, ки дар сурати амалӣ гардидани ин иқдом аз ҷониби намояндагони тиҷоратии ин ду давлат ҳам Тоҷикистон ва ҳам Россия бо воҳидҳои пулии худ дар он ҷо таклифу пешниҳодҳоро ба роҳ монда, амалиёти худро иҷро мекунанд. Ин имконият қаблан дар Биржаи Москва вуҷуд надошт.

«Ин аз он шаҳодат медиҳад ки иқтисоди миллӣ боз ҳам ба мувафақияти нав ноил ва асъори миллии Тоҷикистон ба бозорҳои нав ба нав роҳ ёфта истодааст. Ин муносибатҳои иқтисодӣ ва мубодилавиро миёни доираҳои тиҷоратии ҳам Тоҷикистон, ҳам Россия ва дигар давлатҳо хеле осон мегардонад»,-изҳор дошт А.Қурбонов.

АКС:  www.moex.com

Ноябрь 3, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид