Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 3, 2026 16:25

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин санад дар доираи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ», ки 2 апрел дар Қазон оғоз гардид, аз ҷониби муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ» -и Русия Руслан Измайлов ба имзо расонида шуд.

Самти ин санад ба таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва рушди шарикии мутақобили судманд дар соҳаи электроэнергетика равона гардидааст.

Дар доираи созишнома ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар самтҳои калидӣ, аз ҷумла рушди технологияҳои интиқоли идорашавандаи неруи барқи ҷараёни тағйирёбанда, аз ҷумла трансформаторҳои фазатағйирдиҳанда ва дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ, рақамикунонии технологияҳои таҷҳизоти ҳимояи релеӣ ва идоракунии зиддисадамавӣ ва стандартизатсияи талаботи системавӣ ва технологӣ нисбат ба таҷҳизоти интиқоли неруи барқ, аз ҷумла трансформаторҳои фазатағйирдиҳанда, инчунин нисбат ба системаҳои идоракунӣ, танзим, ҳифз ва автоматика ба роҳ мемонанд.

‎ АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2026 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард