Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд

Апрель 3, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2026» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо якчанд корхонаи истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

‎Вазир бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ёрирасон барои ноқилҳои баландшиддати барқӣ, корхонаи истеҳсоли истгоҳҳои барқдиҳандаи нақлиёти барқӣ, корхонаи истеҳсоли маҷмуи таҷҳизот ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқ барои шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқи шиддати миёнаю баланд ва корхонаи истеҳсолии санҷишию ченкунии электронии муосир -ҳисобкунакҳои замонавии ҳушманд барои назорат ва тақсимоти барқ шинос гардид.

‎Ҳамзамон вазир бо фаъолияти озмоишгоҳи махсуси озмоиши таҷҳизоти баландшиддати барқӣ шинос шуд. Дар он санҷиши мутобиқат ва устувории таҷҳизоти энергетикӣ тибқи стандартҳои муосир анҷом дода мешавад.

Пас аз анҷоми боздид ҷониби Тоҷикистон барои густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо ин корхонаҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд.

‎АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 3, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад