Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»

Апрель 3, 2026 15:55

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тотористон имконияти густариши ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия баланд арзёбӣ мекунад. Ин нуктаро Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов дар мулоқот бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа баён намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи хабари манбаъ, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» баргузор гардид.

Далер Ҷумъа ба Рустам Минниханов барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ»-ро махсус таъкид кард

Гуфта шуд, ки имрӯз барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тотористон ҳамчун яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти фаровон мавҷуданд.

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои электроэнергетика, нафту газ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 3, 2026 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд